- чанбар
- [چنبر]1. доира, ҳалқа, ҳар чизи доирашакл ва ҳалқамонанд; чанбари зулф ҳалқаи зулф; чанбар кардан доирашакл кардан, ҳалқа кардан; чанбари ханҷар чанбаре, ки дар тарафи дохилии он ханҷарҳо гузошта мешуд ва дорбозону чашмбандон аз он мегузаштанд; чанбари дӯлобӣ киноя аз фалак, осмон; чанбари кабуд киноя аз осмон; чанбари осмон киноя аз ҳалқаи осмон, уфуқ; чанбари аҷал киноя аз марги ногузир; чанбари чарх киноя аз олам, гетӣ, дунё2. гарданбанд, тавқ, қилода; чанбари меҳвар доираи уфуқ, меҳвари уфуқ, гирдогирди уфуқ; чанбари гарданда, чанбари гардун, чанбари даф, чанбари дойира; чанбар задан ҳалқа задан; ҳалқа ба вуҷуд овардан; чанбар кардан ҳалқа кардан чизеро; чанбар сохтан аз чизе; аз сарв чанбар кардан киноя аз хам кардан, мунҳанӣ ва дуто сохтани чизи рост3. биол. устухони гардан, тавқи гардан, чанбари дӯш, тарқуҳ; чанбари гардан устухони гардан4. банд, каманд, гарданбанди асир; ҳалқаи дор; чанбари ишқ киноя аз доми ишқ, гирифтории ишқ; чанбари анкабут киноя аз доми анкабут, тори анкабут; чанбар андохтан каманд партофтан5. ҳалқае, ки барои бозӣ дорондани маймун, саг, асп ва дигар ҳайвонот истифода мебаранд; чун дафи лӯлӣ дарид, аз баҳри маймун чанбар аст (зарб.)6. ҳалқаи чӯбӣ ва ё филизӣ, ки ба шакли доира ё байзавӣ сохта шудааст ва бо он бозигарони ҳавоии сирк ва варзишгардухтарон ҳунарнамоӣ мекунанд; ниг. чанбарбозӣ7. маҷ. қайд, банд, гирифторӣ, қафас; дар чанбари итоат даровардан (доштан) дар қайди итоати худ гирифтан; гардан (сар) ба чанбари итоат даровардан ба итоат даромадан, тобеъ шудан; сар аз чанбари итоат кашидан аз итоат баромадан, саркашӣ кардан; чанбарчанбар ҳалқа-ҳалқа, гирда-гирда
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.